Суғд: Озмун «АКСИ ЗЕБОИ КИШВАРАМ».

0
2 252 просмотров

«Акси зебои кишварам» — озмунест, ки миёни аксбардорони касбиву ҳаваскори вилояти Суғд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021  гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарғибу муаррифии табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии ин вилоят мебошад.

Ба иттилои манбаъ, озмуни  зикршуда дар як давра гузаронида шуда, тибқи  талаботи низомномаи он расмҳо бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳар як расми пешниҳодшаванда бояд дорои ном ва матни кӯтоҳ (шарҳу тавзеҳи расм) бошад.

Ба ғолибони озмун — барои  ҷойи якум 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Таджикистане повышена стоимость патентов

Фискальные органы Таджикистана повысили размер платы за патент, на основе которого осуществляются некоторые виды индивидуальной предпринимательской деятельности в республике. Как сообщает Налоговый комитет при правительстве ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: