«Ливерпул» барои пирӯзӣ дар ЛЧ чӣ қадар маблағ фоида дидааст?

0
2 278 просмотров

Бошгоҳи футболи “Ливерпул” барои иштирокаш дар Лигаи Чемпионҳои мавсими 2018/19 110 млн евро соҳиб гардидааст. Бо маълумоти сарчашма, “Ливерпул” барои ғалаба дар ин мусобиқа соҳиби 19 млн евро гардидааст. Аз оғоз то анҷоми Лигаи Чемпионҳо бошад, дастаи англисӣ 74,35 млн евро даромад дидааст ва инчунин барои фуруши ҳуқуқи пахши бозиҳо ба шакабаҳои телевизионӣ 35 млн еврои дигар фоида ба даст овардааст. “Тоттенхэм” бошад, нисбати “Ливерпул” 1 млн евро камтар маблағро соҳиб шудааст. Хотиррасон мекунем ки “Ливерпул” маротибаи шашум дар тули таърихи хеш ба гирифтани ҷоизаи ЛЧ даст ёфт. Қаблан даста дар мавсимҳои 1977, 1978, 1981, 1984 ва 2005 ба гирифтани ЛЧ мушарраф шуда буд.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рио-2016 (12/08)

ҲАМКОРИ ЛОИҲА IAMDIFFERENT: Olá amigos. Инак оғоз менамоем бо хабарҳои нав. Олим Қурбонов мутаассифона, бо ҳамроҳии Анвар Юнусов ва Комроншоҳи Устопириён ба Ватан бармегардад. Дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: