Сокинон дар Челябинск ба кор таъмин шуданд

0
2 604 просмотров

Тавре ки қаблан хабар дода будем, санаи 17 апрел дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҶДММ “Сомонэкспрестранс” аз ноҳияи Ашт 30 нафар муҳоҷирон ба шаҳри Тюмен гусел карда шуда буданд.

Санаи 25 апрел сафарбаркунии навбатии сокинони ин ноҳия доир гардид. Ин навбат аз ҷониби ҶДММ “Олами саёҳат” 78 нафар шаҳрвандон ба шаҳри Челябинск сафарбар шуданд.  Бино ба гуфти сардори гурӯҳ Ғуломҷон Олимов мувофиқи қарордод мӯҳлати муҳоҷирати сафарбаршудагон 1 сол мебошад.

Дар ҳамин сана ҳамчунин аз ҷониби ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 16 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳри Самара гуселонида шуданд.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

10 мудрейших цитат Конфуция

Философия великого китайского мыслителя фокусировалась на вопросах морали, личной и общественной. Конфуций учил правилам отношений людей в социуме, справедливости и равенству. AdMe.ru приводит 10 ярких жизненных уроков философа Конфуция. Неважно, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: