Хэмилтон дар «Формула-1» ба худ рақиби асосӣ надорад

0
2 358 просмотров

Варзишгари 34 солаи Британияи Кабир сарнишини “Мерседес” — Люис Хэмилтон дар марҳилаи 6-уми Чемпионати ҷаҳони «Формула-1» , ки дар шаҳри Монакои Фаронса доир гардид, ҳамаи рақибонашро дар пушташ гузошта масофаи муайяншударо аввалин шуда, тай намуд. Ҳамин тавр ин сарнишини номдору шинохтаи бритонӣ дар «Гран-при Монако» низ ба худ рақиби арзанда пайдо накард, ки то ҷое бо ӯ рақобати шадид нишон диҳад. Дар соли 2019 бори аввал нест, ки Люис ба чунин натиҷаҳои назаррас даст меёбад. Зинаи дуюмро намояндаи олмонӣ сарнишини “Ferrari” — Себастян Феттел азони худ намуд. Маврид ба ёдоварист, ки ин 77-умин пирӯзии Люис Хэмилтон дар «Формула-1» ба шумор меравад.

Чемпионати ҷаҳон

Марҳилаи 6-ум

«Гран-при Монако»

1. Люис Хэмилтон (Британияи Кабир, Mercedes) — 1:43.28,437

2. Себастян Феттел (Олмон, Ferrari) — 2,602

3. Валттери Боттас (Финляндия, Mercedes) — 3,162

4. Макс Ферстаппен (Голландия, Red Bull Racing) — 5,537

5. Пйер Гасли (Фаронса, Red Bull Racing) — 9,946

6. Карлос Сайнс (Испания, McLaren) — 53,454

7. Даниил Квят (Россия, Toro Rosso) — 54,574

8. Александр Албон (Таиланд, Toro Rosso) — 55,200

9. Даниэл Риккярдо (Австралия, Renault) — 60,894

10. Ромен Грожан (Фаронса, Haas) — 61,034

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Донишҷӯйи тоҷик ғолиби конфронси илмии байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек гардид

Дар конфронси бонуфузи илмии донишҷўён дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 250 нафар донишҷў аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Афғонистон аз рӯи навиштаҳои илмии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: