«Барселона» футболбози нав харид

0
3 001 просмотров

Бошгоҳи футболи «Барселона» дар сомонааш аз гузариши ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Гронинген” — Людовит Рейсро ба даста расман эълон кард. Маблағи гузариши ӯ 3.25 млн евроро дар бар мегирад. Футболбози 18 солаи ҳолландӣ то соли 2022 бо “нилунориҳо” қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳар бошгоҳе, ки дар оянда хостгори харидории Рейс мешавад бояд, ки ба хазинаи “Барселона” 100 млн евро пардохт намояд. Дар мавсими ҷорӣ Людовит Рейс дар 31 бозии дастааш вориди майдони сабз шуда, як голро талими дарвозаи рақибон намудааст. Рейс сар аз мавсими нав рақобатро дар бошгоҳи “Барселона Б” шуруъ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба ғолиби мусобиқаи вилоятии “Маҳаллаи беҳтарин” 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои вилоят, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: