Дастаи Ювентус бе сармураббӣ монд

0
3 519 просмотров

Бошгоҳи футболи “Ювентус” дар сомонааш аз тарк намудани сармураббӣ — Массимилиано Аллегри расман иттилоъ дод. Сабаби тарк намудани коршинос то ҳол аниқ нест. Фардо 18-уми май Аллегри дар нишасти хабарӣ бо президенти даста — Андреа Анйелли ва шогирдонаш видоъ мегӯяд. Массимилиано соли 2014 ба курсии сармураббигии “Ювентус” таъйин гардида буд. Дар ин фурсату фосила ин коршинос дар Серияи А қаҳрамониро ба касе надодааст. Инчунин бо роҳбарии ӯ бошгоҳи мазкур ду бор ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтааст, ки дар ҳарду рақобат ноком шудааст: «Барселона» соли 2015 (1:3) ва «Реал» соли 2017 (1:4).

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бузпарварӣ таърихи 8 ҳазор сола дорад

Буз , моиз, ҳайвонест хонагии нуфтсум. Бино ба таснифоти зоологӣ ба гурӯҳи ширхӯрон (оилаи ковокшохон) мансуб аст. Буз яке аз аввалин ҳайвонҳои хонагист. Аксар олимон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: