Муҳоҷирон тибқи шартнома ба кор фиристода шуданд

0
2 860 просмотров

Дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҶДММ “Сомонэкспрестранс” сафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби ширкати мазкур 30 нафар муҳоҷирон ба шаҳри Тюмен гусел карда шуданд. Мувофиқи шартномаи меҳнатии басташуда мӯҳлати муҳоҷирати сафарбаршудагон 1 сол мебошад.

Дар маросими гусел намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни сафарбаршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шоколади сафед

Дар бахши имрӯза оид ба «Шоколади сафед» маълумот  доданӣ  ҳастем.  Аксари  мардум истеъмоли шокладро  дӯст  медоранд, зеро  таъми лазизу  ширини он  касро мафтун  месозад. Бахусус  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: