«Истиқлол» ба Бишкек сафар кард

0
2 678 просмотров

Чемпиони Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати анҷом додани бозӣ бар муқобили “Дордой” дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард. Рақобати дастаҳо санаи 15-уми май дар варзишгоҳи ба номи “Долен Омурзоқов” соати 19:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозии Ҷоми КФО-2019 бар зидди «Дордой»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Рустам Ятимов;

Дифоъгарон: Ҷалил Кимсанов (Ӯзбекистон), Алексей Ларин (Украина), Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров;

Ниммуҳофизатгарон: Михайло Сакич (Сербия), Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷурабоев, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов;

Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов.

Сармураббӣ – Хаким Фузайлов.

Ҳамчунон иштирокчии дигари гурӯҳӣ “Д” дар Ҷоми КФО-2019 бошгоҳи “Хуҷанд” озими пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод гардид. “Хуҷанд” дар ин даври бозиҳо бо “Алтин Асир” андари майдони рақобат мешавад. Баргузории ин бозӣ инчунин санаи 15-уми май, соати 18:30 ба вақти Душанбе дар назар аст.

Ҳайати «Хуҷанд» дар бозии Ҷоми КФО-2019 бар зидди «Алтин Асир»:

Дарвозабонҳо: Давид Купатадзе (Гурҷистон), Муминҷон Гадойбоев;

Дифоъгарон: Торнике Ҷимшелеишвили (Гурҷистон), Асилҷон Бегимкулов (Ӯзбекистон), Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Эргашев, Соҳибҷон Ҳакимов, Фирдавс Чақалов;

Ниммуҳофизатгарон: Ойбек Абдуғаффоров, Дилшод Каримов, Бахтиёр Чориев, Комрон Мирзонажод, Хоҷибой Зиёев, Парвиз Алиев;

Ҳамлаварон: Турсунали Рустамов (Қирғизстон), Дилшод Васиев, Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.

Сармураббӣ: Виталий Левченко

Нет комментариев

Также рекомендуем

Айнакҳои BMW аз қабати мошин мебинанд

Ин манзара ба филми илмӣ-хаёлӣ монандӣ дорад. BMW ба наздикӣ айнакҳои рақамиро пешниҳод месозад, ки мисли соатҳои доно ба ронандагон барои ҷойгиркунии (парковка) автомобилашон кӯмак ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: