Apple аввалин бозии iPhone-ро пешниҳод намуд

0
2 344 просмотров

Давоми даҳ соли охир ширкати Apple дар App Store аввалин бозии Warren Buffett’s Paper Wizard – ро, ки ба миллиардер Уоррен Баффет бахшида шудааст, муаррифи намуд. Навгониро ройгон зеркашӣ кардан мумкин. Охирин бози барои iOS, ки коркарди Тим Кук буд, даҳсол қабл, соли 2008 баромада буд.

Дар бозии Paper Wizard аз бозингароне, ки велосипед меронанд, талаб карда мешавад, ки маҷаллаҳоро хона ба хона кашонанд. Мушкили дар он аст, ки зимнан онҳо бояд аз мошинаву кабӯтарҳо гурезанд.  Барои ҳар як иҷрои вазифа бозингар соҳиби хол — «бакси Уоррен» (Warren Bucks) мешавад.

Мушкилии бози то рафтан аз Омаха (шаҳри модарии Баффет) то Купертино, ки он ҷой штаби Apple ҷойгин шудааст, меафзояд. Аҷибаш он аст, ки худи Баффет, имрӯза роҳбари фонди Berkshire Hathaway ва яке аз саҳҳомони бузурги ҷаҳон, дар кӯдакӣ бо кашонидани маҷалла машғул буд.

Бино ба маълумоти MacRumors, ба сифати муаллифони Paper Wizard студияи Wildlife Designs омадааст. Ба ин нигоҳ накарда дар ҳуҷҷатҳо омадааст, ки бозиро ширкати Apple дастгири ва пешбари мекунад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Производителя телефонов Vertu объявили банкротом

Компанию по производству люксовых телефонов Vertu объявили банкротом  — он сворачивает производство и распускает всю команду из 200 человек. Бренд, телефоны которого стоили от 10 000 до 40 000 долларов, накопил ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: