Хет-трики Бензема ба «Реал» пирӯзӣ овард

0
2 674 просмотров

Дар бозии даври 33-юми Ла Лига дастаи “Реал” дар хонааш тими “Атлетик Билбао”-ро пешвоз гирифт. Рақобати дастаҳо дар “Сантяго Бернабеу” доир шуда, бо ҳисоби 3:0 ба суди “гаразмониҳо” хотима ёфт. Дар ин дидори ҷозибу ҷолиб ҳарсе голи мадридиҳоро форварди фаронсавӣ Карим Бензема ба номаш муҳр зада, пирӯзии дастаашро таъмин намуд. Баъди ин ғалаба “Реал” бо касби 64 хол дар зинаи 3-юми ҷадвали Ла Лига қарор гирифт. Дар бозии дигари даври мазкур дастаҳои “Барселона” ва “Атлетико” рақибонашонро шикаст доданд.

Чемпионати Испания. Даври 33-юм

«Реал» — «Атлетик» — 3:0 (0:0)

Голҳо: Бензема, 47 (1:0). Бензема, 76 (2:0). Бензема, 90 (3:0).

«Барселона» — «Реал Сосйедад» — 2:1 (1:0)

Голҳо: Лангле, 45 (1:0). Хуанми, 62 (1:1). Жорди Алба, 64 (2:1).

«Эйбар» — «Атлетико» — 0:1 (0:0)

Гол: Лемар, 85.

«Райо Валекано» – «Уэска» – 0:0

«Леванте» — «Эспанйол» — 2:2 (0:1)

Голҳо: Борха Иглесиас, 16 (0:1). Везу, 62 (1:1). Рока, 65 (1:2). Рочина, 72 (2:2).

«Хетафе» — «Севиля» — 3:0 (2:0)

Голҳо: Хайме Мата, 35 — пеналти (1:0). Хорхе Молина, 45+5 — пеналти (2:0). Хорхе Молина, 53 (3:0).

«Бетис» — «Валенсия» — 1:2 (0:1)

Голҳо: Гонсалу Гедеш, 45 (0:1). Гонсалу Гедеш, 49 (0:2). Ло Челсо, 78 — пеналти (1:2).

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Охирин умеди Роналдо дар Euro — 2016

Шоми 10 июн бо бозии тимҳои миллии Фаронсаву Руминия даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо расман шурӯъ шуд. Имсол дар даври ниҳоии ин мусобиқот бори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: