«Ливерпул» бо осонӣ ба даври ½ ниҳоии ЛЧ баромад

0
2 410 просмотров

Дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/4 ниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаҳои «Порту» ва «Ливерпул» бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор бартари ҷониби шогирдони Юрген Клопп буд ва онҳо бо ҳисоби бузурги 1:4 рақибро сарафканда намуданд. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 26′ Садио Мане боз намуд. Пасон Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаи 65′, Роберто Фирминю дар дақиқаи 77′ ва Вирджил ван Дейк дар дақиқаи 84′ ба задани гол даст ёфтанд. Ягона голи мизбононро Милитан дар дақиқаи 68′ ба самар расонид. Ҳамин тавр, «Ливерпул» бо ҳисоби умумии 6:1 бар «Порту» зафар ёфт ва ба даври ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври ½ ниҳоӣ онҳо бо «Барселона» рақобат хоҳанд кард.

Лигаи чемпионҳо. Бозии ҷавобӣ. Даври ¼ ниҳоӣ

«Порту» (Португалия) — «Ливерпул» (Англия) — 1:4 (0:1)

Голҳо: Мане, 26 (0:1). Салах, 65 (0:2). Эдер Милитау, 69 (1:2). Роберту Фирмину, 77 (1:3). ван Дейк, 84 (1:4).

«Порту»: Касиляс, Эдер Милитау, Фелипе, Пепе, Теллес, Отавиу (Соарес, 46), Данилу Перейра, Эррера, Корона (Фернанду, 78), Марега, Брахими (Бруну Кошта, 81).

«Ливерпул»: Алиссон, Александр-Арнолд (Гомес, 66), Матип, ван Дейк, Робертсон (Хендерсон, 71), Вайналдум, Фабиню, Милнер, Салоҳ, Ориги (Роберту Фирмину, 46), Мане.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рамазон Раҳимзода: «Мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида мешаванд»

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия вохӯрӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: