Роналду ва Месси барои ҷоизаи навбатӣ мубориза мебаранд

0
4 823 просмотров

УЕФА дар сомонаи расмии худ исми 4 футболбозе, ки барои дарёфти унвони беҳтарин бозингари ҳафтаи Лигаи чемпионҳо муддаӣ мебошанд, нашр кард. Инҳо ҳамлавари “Ювентус” Криштиану Роналду, ҳамлавари “Барселона” Лионел Месси, ҳамлавари “Ливерпул” Садио Мане ва нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Лерой Сане мебошанд. Роналду дар бозӣ бо “Атлетико” муаллифи хет–трик шуда, дастаашро аз нокомӣ дар Лигаи чемпионҳо наҷот дод. Лионел Месси бошад аввалин бор дар корномааш дар як бозӣ муаллифи 2 гол ва 2 партофти самаранок гардид, ки ин ҳам дар рақобати зидди “Лион” буд. Мане дар вохӯрӣ бо “Бавария” дар меҳмонӣ ба задани 2 гол даст ёфта, “Ливерпул”–ро бо роҳхати даври навбатӣ таъмин кард. Сане бошад, дар дидор бо “Шалке” муаллифи як гол гардида, 3 партофти головар анҷом дод.

Манбаъ: ТВ Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

ХАБАРИ ФАВРӢ: Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои тасдиқшудаи бемории сироятии CОVID-19 аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шуд

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19  Қоҳир Расулзода  ҷаласаи навбатии  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: