Хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи ҳар инсон аст

0
3 512 просмотров

Дар шаҳри Чкалов дар мавзӯи «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи виҷдон ва ҳукми фарзандии ҳар як ҷавон аст» силсилаи мулоқотҳо доир гардид.

Аъзои гуруҳи тарғиботии вилоят, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мавҷуда Ӯрунова ва Муътабар Бобоева байни ҷомеаи омӯзгорон ва хонандагони як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Чкалов мулоқотҳо баргузор намуданд. Онҳо нахуст номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба муносибати 22-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуда, сипас, оид ба беҳтар гардидани шароити хизмат дар сафи Артиши миллӣ, фароҳам будани тамоми шароитҳои мусоид дар қисмҳои низомӣ ва амсоли ин ибрози назар намуданд. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳанд.

 

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳанифа Валиева — “Мураббияи сол” шуд

Дар мактаби хусусии «Паймони азизон»-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи ҷамъбастии озмуни шаҳрии «Мураббияи соли Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин даври озмун се нафар мураббиён аз кудакистони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: