Дар Бразилия мавсими фестивалҳои анъанавӣ оғоз гардид. Дар шаҳри Рио-де-Жанейро ба шоҳи рамзии фестивал «Момо» мири шаҳр калиди рамзиро супурд. Соли ҷорӣ, ҷашнвораи мазкур ба 450-солагии шаҳри Рио-де –Жанейро рост омад. Ин чорабинии фарҳангӣ на танҳо дар шаҳри Рио-де Жанейро ва СанПаулу, балки дар дигар шаҳрҳои Бразилия бошукӯҳ гузаронда мешавад. Дар ҷашнвора зиёда аз ду миллион нафар иштирок менамоянд. Ҳукуматдорон вобаста ба хушксолии шадид дар баъзе шаҳрҳои Бразилия гузаронидани чунин чорабиниро манъ карданд. Зеро дар минтакаҳое, ки ба хушксолӣ дучор омаданд, норасоии оби ошомиданӣ ва неруи барқ мушоҳида мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар Бразилия 80 дарсади неруи барқ ба воситаи обанборҳо истеҳсол карда мешаванд. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.
Бонки миллӣ:Тамдиди давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонӣ
Шурӯъ аз 11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати ...


Нет комментариев