Озмун бахшида ба Соли оила

0
3 357 просмотров

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум дар доираи эълон гардидани «Соли 2015 – Соли оила» аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани силсилаи чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.Тибқи нақша озмунҳои «Муҳаббати модар» барои эҷоди беҳтарин шеъру тарона, «Оилаи тифоқ» байни оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо, «Ҷомеаи солим – аз оилаи солим», «Модару оила — ганҷи бебаҳо», мусобиқаҳои варзишии дастаҷамъона байни бонувону оилаҳо, «Маърифати оиладорӣ – калиди хушбахтӣ» гузаронида мешаванд.

Озмунҳо, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ шуда, ғолибон туҳфаҳои пулию молиро соҳиб мегарданд. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Корманди Вазорати адлия бо талаби маблағ барои иваз намудани ҷазои ҷиноятӣ дастгир гардид

Собиров Абдумаҷид Холмирзоевич дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ) кор карда, бо истифодаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: