Мулоқот бо хатмкунандагони мактабҳо

0
2 458 просмотров

Бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муаррифии донишкадаву донишгоҳҳои олӣ аз 16 январ то 21 феврали соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо хатмкунандагони мактабҳо гузаронида мешавад.

Ҷадвали вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо хатмкунандагони мактабҳои миёна аз ҷониби роҳбарияти вилоят тасдиқ гардида, барои иҷро ба унвонии масъулин ирсол гардидааст.

Дар рафти вохӯриҳо хатмкунандагони мактабҳои миёна метавонанд ба масъалаҳои вобаста ба таҳсил ва вазъи таълиму тарбия бевосита аз ректорони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ маълумот пайдо намоянд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Либосҳои миллӣ

Ин либосҳои миллӣ барои мардон мебошад, ки аз тарафи дӯзандагони Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳия гардидааст. Мадина Анварова ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: