Наққошӣ – навъи санъати ороиши амалии халқӣ аст

0
4 482 просмотров

РАССОМӢ, НАҚҚОШӢ ё худ НАҚШОФАРӢ – санъати бадеӣ мебошад. Зимни  ҳунарҳои бадеии мардуми касбӣ маънои  нақшкашӣ дар рӯи матоъ ва аз рӯи он  кашидадӯзӣ (гулдӯзӣ) карданро пайдо кардааст. Яъне, наққошӣ – як навъи санъати ороиши амалии халқӣ аст, ки бо қалам кашида шуда, бо сӯзан ва ресмонҳои гуногун рӯи матоъ зебу ороиш дода мешавад.

Наққошӣ — нақшакашӣ, ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои қадими санъати ороиши амалӣ мебошад. Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим ривоҷ ёфтааст.

Похожее изображение

Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолӣмисгарӣзаргарӣқолинбофӣгулдузӣ ва ғайра ба тараққиёти наққошӣ низ мусоидат кардаанд. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки дар натиҷаи ҳафриёт аз Тирмиз, БухороСамарқандПанҷакенти қадим, Хулбук ва дигар шаҳрҳо ёфт шудаанд, аз маданияти гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳанд.

Похожее изображение

Ҳунарманди бомаҳорат, бахусус рассоми боистеъдоди тоҷик Дилбархон Раҳматова зикр намуд, инчунин дар олами кӯдакон чизҳои ранга воситаи диққатҷалбкунанда ва шавқовар мебошад. Бештари кӯдакон соатҳо ба расмкашӣ машғул мешаванд, модарон низ барои ба кори худ машғул шудан, ба дасти фарзандонашон қаламҳои ранга медиҳанд то бо он овора шаванд. Хулоса, санъати мусаввирӣ ин маликаи санъатҳост. 

Медиапортали «Тироз»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Фестивал — озмуни «Либосҳои миллӣ» дар Хуҷанд

Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, боло бурдани завқи зебоипарастӣ ва дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивал — озмуни «Либосҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: