Дастаи «Хайр”-и Ваҳдат барои бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2015 бо тими «Салом Ҷҳарта» ба Лубнон парвоз кард. Ғолиби ин бозӣ, ки 17-уми феврали соли равон дар пойтахти Лубнон — шаҳри Бейрут оғоз меёбад, ба ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 мушарраф мешавад.Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ҳайати дастаи «Хайр» 23 нафар дохил аст, ки 18 нафараш футболбоз аст. Ёдовар мешавем, ки бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО- 2015 байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra»-и Бангладеш, ки 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик хотима ёфт. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.
Зиёиёни Тоҷикистон — хазинаи тиллоии миллат
Зиёӣ — шӯълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Устод Садриддин Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми ...


Нет комментариев