Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ироа мегардад

0
2 851 просмотров

26 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манзур менамоянд.

Аз палатаи болоии Парлумони  мамлакат ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои  25 декабр   аз соати 8:00 то соати 17:00  ва 26 декабр аз соати  7:00 то 8:00  дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум  номнавис мегарданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на сегодня 7.03.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 7 марта с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определил официальный курс иностранной валюты следующим образом: 1 доллар США = ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: