Лӯхтакҳоро бо ду намуд месозанд

0
3 717 просмотров

Лӯхтаксозӣ — ҳунари бадеии сохтани лӯхтак аз латтаҳои гуногун, пахта, пашм, чӯб ва ғайра мебошад. Аслан лӯхтакҳоро барои бозии кӯдакон месозанд.

Инчунин, аз маводи номбурда лӯхтакҳое сохта мешаванд, ки дар саҳнаи театри лӯхтак истифода бурда мешаванд.

Барои бозии кӯдакон лӯхтакҳо бояд гуногун бошанд, чунки онҳо дар ҳини бозӣ ба лӯхтакҳо вазифаву нақшҳои мухталифро медиҳанд. Махсусан, духтарчаҳо ба лӯхтакбозӣ ҳаваси беандоза доранд. Онҳоро ба таври ҳақиқӣ дӯст дошта, нигоҳубин менамоянд.

Лӯхтакбозӣ дар кӯдак ҳиссиёти модариро бедор менамояд. Яъне, кӯдак нисбат ба зоча ғамхории  модарона  зоҳир  намуда, рафтор ва муносибатеро, ки модараш нисбат ба ӯ менамояд, духтарча нисбат ба зочаааш такрор менамояд.

Маводи истифодашаванда: чӯб, тугма, латтапора, пахта ва ресмонҳои рангин мебошанд.

Картинки по запросу Лӯхтаксозӣ

Лӯхтакҳоро бо ду намуд месозанд: мулоим ва риштапеч. Ҳар яки он тарзи мушаххаси омода кардани худро дорад.

Медиапортали «Тироз»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тарҷумони Skype- барои зангҳои овозӣ

Иттиҳодияи Microsoft тафсири озмоишии хизматгузории нави Skype Translator-ро ба кор андохт. Он орзуи деринаи хаёлпарастон (фантасты)-ро дар амал татбиқ намудааст. Ба воситаи барномаи нав, истифодабарандагон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: