Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони майдончаи варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1»-и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Дар расми ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Тибқи лоиҳа майдони футболи хурд 20 метр паҳноӣ дошта, дарозии он ба 40 метр баробар хоҳад шуд. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, иҷрои корҳоро Ширкати сохтмонии ҶДММ «Садоқат-Суғд» ба зимма гирифтааст. Барои ин аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.
PARIS GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 паҳлавон иштирок менамояд
2-4 феврали соли 2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо- Гранд Слами Париж-2024 иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи ...


Нет комментариев