Аробачаи доно ҳамаро мафтун мекунад

0
2 468 просмотров

Ширкати LG робот-аробачаи CLOi-ро коркард намуд, ки ба мардум барои харидорӣ дар супермаркетҳо кӯмакрасон мешавад.

Дигар харидорон бо азоб аробачаҳоро аз раста ба раста намекашанд. Минбаъд дасти онҳо холи шуда, ҳамаи молҳои харидаашонро роботи махсус то касса мебарад. Аввалин мағозаҳое, ки соҳиби чунин роботҳо мешаванд, шабакаи супермаркетҳои E-Mart-и Корея мебошад.

Роботҳои нав на танҳо бори харидоронро то касса мебаранд, инчунин рафти шоппингро гуворо месозанд. “Аробачаи доно” дорои дисплее мебошад, ки номгӯи харид, сканер барои дақиқ намудани харидро дорост. Ба ғайри аз ин робот метавонад ба харидорон роҳи растаи дилхоҳро нишон диҳад.

Санҷиши мағозаҳои роботдори шабакаи  E-Mart соли оянда оғоз мешавад. Ширкати E-Mart, ки харидорони мағозаи онҳоро “аробачаҳои оянда” хизматрасони мекунанд, аллакай дар пойтахти Корея, шаҳри Сеул мағозаи бе фурӯшандаро боз намудааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Бодканд ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Тибқи мувофиқаи Тарафҳо, аз 10 то 15 феврали соли 2022 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди (Ҷумҳурии Қирғизистон) ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: