Аз 1-уми январи соли 2027 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи ҷаримаҳо, боҷу андоз, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ ба он вобаста аст, интизор меравад 3 сомонӣ зиёд шуда, аз 78 сомонии ҳозира ба 81 сомонӣ расад. Ин масъала дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” пешбинӣ шуда, аллакай дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардидааст. Дар ин бора як манбаъ дар Маҷлиси намояндагон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Чаро меъёри нишондиҳанда муҳим аст?
Маблағи пардохти ҷарима, боҷу андоз, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста аст. Агар он зиёд шавад, пули ҷаримаву боҷ ва дигар пардохтҳо ҳам ба ҳамон андоза боло меравад.
Афзоиши 3-сомонӣ тақрибан 3,8 дарсадро ташкил медиҳад. Масалан, ҷаримае, ки 10 нишондиҳанда муайян шудааст, аз 780 сомонии ҳозира ба 810 сомонӣ мерасад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар буҷа бо назардошти сатҳи таварруме, ки барои соли мувофиқ пешбинӣ шудааст, муқаррар карда мешавад.
Тибқи қонунгузории соли 2008, ибораҳои “ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат”, “музди меҳнати ҳадди ақал” ва монанди инҳоро бо “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” иваз карда, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ қабул шудааст.
Тибқи дурнамо, даромади буҷети давлатӣ дар соли 2028-ум 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029-ум 104,6 миллиард сомонӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ нишондиҳанда барои ҳисобҳо 3 сомонӣ зиёд шуда, аз 75 ба 78 сомонӣ расида буд.
Манбаъ: asiaplus.news


Нет комментариев