Ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона шуданд ва нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилоят сад фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар даъвати тирамоҳӣ бо саҳми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 30 нафар даъватшавандагони шаҳри Хуҷанд мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷандро хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ ва ба хизматӣ ҳарбӣ равона шуданд. Беш аз 20 хизматчии давлатӣ низ масъулияти баланд нишон дода, фарзандони хешро бо амри дил ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намуданд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби воқеии мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан маҳсуб шуда, ҳар ҷавон бояд шукронаи давлати озоду мустақилро намояд ва бо ифтихору эҳсоси масъулияти бузург хизмати Ватанро ба ҷо орад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модарон ва фарзандони ҷоннисору ватандӯст изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба онҳо хизмати содиқонаву бобарор таманно менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев