Ба ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Данғара ва Айнӣ 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» ба сартабибон ва шахсони масъули муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ расман тақдим карда шуд.
Тақдими нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан занону кӯдакон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо мақсади ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини солимии ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030»-ро қабул намудааст. Яке аз ҳадафҳои он таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон мебошад.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев