Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад

0
18 просмотров

Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн гардида истодаанд. Аз ҷумла, барои фиреб додани шаҳрвандон қаллобон аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ, фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд.

Дар иртибот ба ин Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба чунин эълонҳо ва паёмакҳо бовар накунанд. Бахусус, ба шахсони ношинос ҳеҷ гоҳ маблағ интиқол надиҳанд ва маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизмати бонкӣ намерасонад, ба аҳолӣ қарз намедиҳад, барои интиқоли маблағ аз шаҳрвандон дархост намекунад, тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандонро ирсол намекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки «агар пай бурдед, ки фирефтаи қаллобон шудаед, фавран корти бонкиятонро маҳкам намоед, ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат кунед ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳед».

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Лӯхтакҳоро бо ду намуд месозанд

Лӯхтаксозӣ — ҳунари бадеии сохтани лӯхтак аз латтаҳои гуногун, пахта, пашм, чӯб ва ғайра мебошад. Аслан лӯхтакҳоро барои бозии кӯдакон месозанд. Инчунин, аз маводи номбурда ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: