Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт

0
12 просмотров

Аз 11 то 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.

​Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гурӯҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуданд.

​Аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.

​Рӯйдодҳои муҳими сафари давлатӣ — имзои санадҳои муҳим — Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ ва аз тарафи Шурои илмии Донишгоҳи Пекин бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардонидани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

​14 май Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари давлатӣ аз шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргаштанд.

​Дар фурудгоҳи байналмилалии Чонгчин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сарватҳои табиӣ ва истифодаи онҳо

Навъи мушаххаси материя ё энергияро, ки дар ҷараёни меҳнату фаъолияти инсон истифода мешавад, сарвати табии меноманд. Навъҳои гуногуни канданиқои фоиданок, обу ҳок, ҳаво, наботот, ҳайвонот, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: