Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа монеаи асосӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии ҳар давлат ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо ин «вабои аср» ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, таҳти назорати доимии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин раванд на танҳо чораҳои ҷазодиҳӣ, балки ислоҳоти куллии сохторӣ ва тарбияи ахлоқиро дар бар мегирад.
-Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки он барои таъмини адолати иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад. Сарвари давлат дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки коррупсия пояҳои давлатро заиф месозад ва мубориза бо он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Таъсиси ниҳоди махсусгардонида — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қадами ҷасурона дар роҳи поксозии дастгоҳи давлатӣ гардид. Ин иқдом нишон дод, ки иродаи сиёсии олии ҷумҳурӣ ба шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ нигаронида шудааст. Зери роҳбарии Пешвои миллат стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки онҳо на танҳо ҷазо додани гунаҳгорон, балки бартараф кардани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунандаро ҳадафи худ қарор додаанд.
Роҳбари давлат бо дарки амиқи тамоюлҳои муосир дастур доданд, ки хизматрасониҳои давлатӣ ба шакли электронӣ гузаронида шаванд. Татбиқи лоиҳаи «Ҳукумати электронӣ» имкон медиҳад, ки муомилаи бевоситаи корманди давлатӣ бо шаҳрванд коҳиш ёфта, роҳҳои ришваситонӣ баста шаванд. Гузариши куллӣ ба ҳисоббарории ғайринақдӣ дар пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва боҷҳои давлатӣ «омили инсонӣ»-ро ба ҳадди ақалл расонида, заминаҳои фасодро дар идораҳои давлатӣ заиф гардонид.
Дар доираи ин ислоҳот Тоҷикистон ба масъалаи назорати қатъии гардиши маблағҳои буҷетӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Шаффофияти хариди давлатӣ тавассути порталҳои электронӣ имкон медиҳад, ки он зери назорати қатъӣ қарор гирад. Ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат на танҳо ба маҳдуд кардани амалҳои коррупсионӣ, балки ба таҳкими эътимоди мардум ба адолати қонун нигаронида шудааст.
Яке аз самтҳои муҳими стратегӣ, ки Пешвои миллат ҳамеша бар он таъкид менамоянд, тарбияи кадрҳои содиқ ва ватандӯст мебошад. Мубориза бо коррупсия аз оила ва мактаб оғоз меёбад. Ташаккули масунияти зиддикоррупсионӣ дар зеҳни насли ҷавон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони оянда нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти фасод таҳаммулнопазир бошанд. Давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҷомеа фарҳанги покдоманӣ ва эҳтиром ба қонун волоият дошта бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати фаъол дар мубориза бо коррупсия шинохта шудааст. Тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ва ҳамкории зич бо созмонҳои ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадам дар қонунгузории ватанӣ татбиқ карда шавад. Ин талошҳо барои боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, зеро иқтисоди солим танҳо дар муҳити орӣ аз фасод рушд мекунад.
Мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди давомдор ва қотеъона мебошад. Иродаи қавии Пешвои миллат ва ҳамкории фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ кафили он аст, ки ҷумҳурии мо дар роҳи решакан кардани ин зуҳурот муваффақ хоҳад шуд. Вақте ки ҳар фард манфиати давлату миллатро аз манфиати шахсии худ боло мегузорад, мо ба ҳадафи олӣ-ҷомеаи адолатпарвар ва шукуфон ноил мегардем.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»


Нет комментариев