Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии мамлакат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро бар дӯш гирифтанд. Ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 феврали соли 2024 зимни паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ гардид. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Бо вуҷуди шароити бисёр душвор соли 1993 нахустин маротиба дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузашти низомии қисму воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ доир гардид. Аз он рӯз санаи 23 феврал расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши ҷавони Тоҷикистон давраҳои ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, бунёди навъи қӯшунҳо, қисмҳои низомӣ, марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идории ҳарбиро аз сар гузаронида, дар роҳи пурзӯру мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат қадамҳои устувор гузошта, дар самти ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ба неруи бузургу қудратманд табдил ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар доираи ислоҳоту навсозии Қувваҳои Мусаллаҳ навгониҳои зиёду назаррас ворид карда шуданд. Хусусан дар сохтори таркибии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбии оливу миёнаи тобеи ин ниҳоди қудратӣ ва дигар идораҳои низомӣ тағийроти куллӣ ба амал омаданд. Аз ҳама муҳим, ин бунёди навъи қӯшунҳо мебошад, ки бо омодабошии баланди ҷангӣ иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Инчунин дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ: Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ташкил карда шуданд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди ташаккул расида, барои ҳифзи марзу буми мо ба ниҳоди муташаккил табдил ёфтааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои мавҷуда ниҳоди ҳарбии давлатӣ ва вазифадор дар ҳифзи тамомияти арзии мамлакат мебошад.
Мо кулли кормандони ШТРР «Тироз» бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯем.


Нет комментариев