Дар доираи ҳаракати ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар канори шоҳроҳи байналмилалии Чанок-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ беш аз 5 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ садҳо нафар сокинони ноҳия, кормандони ташкилоту муассиса ва ҷавонону фаъолон иштирок намуданд.
Соли 2026 тибқи нақша дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.
Ин иқдом ба беҳтарсозии вазъи экологӣ, пешгирии биёбоншавӣ ва фароҳам овардани муҳити сабзу хуррами зиндагӣ барои сокинон равона гардидааст.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев