Бақайдгирии таваллуд дар Тоҷикистон 1,4% зиёд шудааст

0
12 просмотров

Дар Тоҷикистон соли 2025 мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 255,1 ҳазор кӯдакони навзодро ба қайд гирифт. Дар ин хусус директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 9 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии бақайдгирии таваллуд дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида  мерасад. Дар вилояти Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 105,4 ҳазор нафар ё 1,9 фоиз, дар вилояти Суғд 62,8 ҳазор нафар ё 1,4 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 57,9 ҳазор нафар ё 1,2 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 25,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зиёдшавии таваллуд ба афзоиши табиии аҳолӣ мусоидат мекунад. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, соли 2025 бақайдгирии таваллуд нисбат ба соли 2024 ба анзодаи 1,0 фоиз зиёд шуда, 220,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 20,8 нафар рост меояд.

Тибқи таҳлили коршиносон, афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 ба 76,3 сол расидааст.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34,4 ҳазор шахсони фавтидаро ба қайд гирифтаанд.

Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 24,0 ва 3,2 нафар рост омадааст.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: