Қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол имрӯз оғоз мегардад

0
15 просмотров

10 феврал дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 оид ба футбол оғоз мешавад, ки маблағи умумии ҷоизаҳои он 100 000 сомониро ташкил медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пеш аз оғози марҳилаи ҳалкунандаи мусобиқа 9 феврал маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳо баргузор шуд.

Қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 аз 10 то 20 феврал бо иштироки ҳашт даста доир мешавад. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе ва инчунин дар майдони сунъии варзишгоҳи КМВА баргузор мегарданд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои зерин дохил шуданд:

  • «Барқчӣ» (Ҳисор)
  • «Ҳулбук» (Восеъ)
  • «Рангон» (Рӯдакӣ)
  • «Истаравшан» (Истаравшан)

 Дар гурӯҳи «Б» тимҳои зерин баромад мекунанд:

  • «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
  • «Ҳосилот» (Фархор)
  • «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд)
  •  «Сардор» (Турсунзода)

Мувофиқи низомномаи мусобиқа,  ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Финали Ҷоми ФФТ-2026  20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ба ғолиб 50 000 сомонӣ, ба барандаи медали нуқра 30 000 сомонӣ ва ба соҳибони нишони биринҷӣ 20 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: