Санаи 25-уми декабри соли 2025 Маркази омӯзишии «Мақсад» бо пуштибони аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани ҷашни мубораки миллӣ 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Комилов Комилҷон Ҳакимҷонович дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Ваҳдат, 28-ум микроноҳия Маркази омӯзишии «Мақсад» ифтитоҳ шуд.
Шоистаи қайд аст, ки соҳибкор Комилҷон Комилов ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва эҳтирому самимияти беандоза ба шахсияти зиндагиофар ва ҳастисози хеш Модари арҷманди худ, омӯзгори варзида, роҳнамою ҳидоятгари ҳазорон шогирдон, номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи кори тиббӣ-биологии факултети биология ва химияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Обидова Мақсадой Домуллоҷоновна маркази мазкурро ташкил ва ба ифтихори эшон «Мақсад» номгузорӣ намуд.

Айни ҳол роҳбарии маркази мазкурро Муҳиба Комилова бар зимма дошта, номбурда ният дорад то охири соли 2026 ду филиали дигари марказро дар минтақаҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ки корҳои сохтмонии он бомаром идома дорад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ояндаи наздик боз муассисаҳои таълимии дигари соҳаи маориф, аз ҷумла, муассисаи таълимии таҳсилоти томактабӣ ва муассисаи таълимии миёнаи умумиро бунёд ва ба истифода диҳад.
Тазаккур бояд дод, ки тибқи Қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2025 ба Маркази омӯзишии «Мақсад» Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 05 декабри соли 2025, №5543 дода шуд.
Маркази омӯзишии «Мақсад» дар маҳаллаи Ваҳдат, микроноҳияи 27 – уми шаҳри Хуҷанд ҷой гирифта, он аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ 5 синфхонаҳои барҳавои таълимӣ муҷаҳҳаз бо техникаю таҷҳизотҳои муосири таълимӣ, 2 утоқи корӣ барои маъмурият ва омӯзгорону кормандон ва дар ошёнаи дуюм бошад 4 синфхонаи таълимӣ ва 1 утоқи кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳои таълимии мазкур дорои компютер ва тахтаи калонҳаҷми электронии сенсорӣ бо пайваст ва имконияти истифодабарии шабакаи глобалии интернет, ки ҳамаи онҳо истеҳсоли давлтаҳои хориҷӣ мебошанд, таъмин гардида, дар ҳар як синфхонаҳои таълимӣ аёниятҳои замонавӣ ва гӯшаҳои иттилоотии марбут ба машғулиятҳои таълимӣ насб карда шудаанд.
Тибқи Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марказ довталабонро барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷӣ мамлакат аз рӯи равияи тиббӣ бо омӯзиши фанҳои биология, химия, физика ба роҳ монда, инчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати тиббӣ ва курсҳои косметологӣ, таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони хурдсол ҷиҳати таҳсил ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумиро ҷорӣ намудааст. Ҳамзамон, марказ омӯзиши алоҳидаи фанҳои таълимии биология, химия, физика, математика ва географияро роҳандозӣ намудааст. Инчунин, баҳри омӯзиш ва сайқал додани сатҳи забондонӣ дар марказ омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, омӯзиши забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, немисӣ, хитоӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои пешбурди фаъолият бо истифода аз роҳу усулҳои муосири ҷараёни таълимӣ устодону омӯзгорони соҳибтахассуси дорои дараҷа ва унвони илмидошта ҷалб гардидаанд.
Сармуҳаррир — Юлдошев К.Ш.


Нет комментариев