Дар нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст

0
30 просмотров

Дар нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 434 ҳолати онро пахши пиёдагардон ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 144 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 318 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон ва оқибатҳои фалокатбори онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ташвишовар гардидааст.

Коршиносон иброз медоранд, ки ҳолати садаманокӣ дар роҳҳои мошингарди мамлакат асосан аз интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, хусусан ронандагони воситаҳои нақлиёт вобастагии калон дорад.

Сабабҳои асосии садамаи нақлиётӣ суръати аз меъёр зиёд, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи воситаи нақлиёт ва дар ҳолати мастӣ мебошанд. Инчунин бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, аксари фавтидагон дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ пиёдагарду мототсиклрон ва велосипедронҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ҳодисаҳо нохуши роҳу нақлиёт аз 20 то 30 октябр дар Тоҷикистон бо мақсади бехатарии шаҳрвандон-пиёдагардон, риояи қоидаҳои роҳ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» гузаронида мешавад.

Бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ имрӯзҳо амалиёти «Пиёдагард» ҷараён дорад.

Масъулин аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват менамоянд, ки дар гузаронидани амалиёти «Пиёдагард» фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: