Душанбе мизбони Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» мегардад

0
206 просмотров

Аз 13 то 16 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак  ва Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар назар аст, ки 13 ва 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак доир гардад. Дар он ҳайатҳои расмии аъзои лоиҳа, коршиносон, инчунин намояндагони шарикони рушд ва дигар ҳайатҳо иштирок менамоянд.

15 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» баргузор мегардад.

16 май иштирокчиёни ҷаласа бо зеристгоҳи конветорӣ бо иқтидори 1300 мегаватт дар мавзеи Сангтӯда ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: