Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар самти ҷалби сармоя баррасӣ карда шуд

0
182 просмотров

Дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи ҷалби сармоя баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои стратегии калидӣ мубодилаи афкори созанда анҷом доданд. Махсусан рушди устувор нисбат ба тағйирёбии иқлим, манбаъҳои барқароршавандаи энергия- энергияи “сабз” ва гидроэнергетика ва имконоти васеи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги истифоданашудаи энергияи тозаи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории муштарак дар самти устувории экологӣ ва гузариш ба иқтисоди “сабз”, ки ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди ҳар ду давлат мувофиқат менамоянд, баррасӣ шуданд.

Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи кишварашро ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба афзалияти ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди устувор мутобиқ мебошанд, изҳор намуд.

Ҷонибҳо бобати ташаккули муҳити сармоягузории шаффоф ва барои ҳарду ҷониб муфид изҳори омодагӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как смартфоны на самом деле влияют на здоровье

Бабушка, как обычно, оказалась права: чрезмерное увлечение смартфонами действительно может сказаться на здоровье. Но есть и хорошие новос­ти: мы знаем, как исправить ситуацию.  Уведомления, постоянно приходящие на наши ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: