Равон кардан Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика тавсеа меёбад

0
665 просмотров

Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ дар Теҳрон баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имконоти таҳкими ҳамгироии энергетикӣ табодули назар намуданд.

Вазирон, ки ҳамзамон ҳамраисии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро бар дӯш доранд, оид ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии комиссия, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар Эрон ба нақша гирифта шудааст, суҳбат намуданд.

Гуфта шуд, ки Комиссияи муштарак нақши калидӣ дар таҳкими робитаҳои дуҷониба дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: