Дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад

0
605 просмотров

Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр 20 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Дар айни замон 90%-и корҳои ин лоиҳа ба анҷом расидааст.

Дар доираи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаю қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Somon Air» дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвози дуюмро роҳандозӣ намуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе парвози дуюмро роҳандозӣ намуд. Минбаъд парвозҳо ба самти Дубай ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе иҷро мешаванд.  Вақти парвоз ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: