Лукас Васкес дар дербии Мадрид осеб бардошт

0
513 просмотров

Дифоъгари дастаи “Реал Мадрид” Лукас Васкес осеб бардошт. Дар ин бора дафтари матбуотии тими шаҳри Мадрид хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Васкес дар бозии марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо муқобиди тими “Манчестер Сити”-и Англия ба майдон намеояд. Вохӯрии дастаҳо рӯзи сешанбеи 11-уми феврал баргузор мешавад.

Лукас дар бозии даври 23-юми Ла Лига бо “Атлетико Мадрид” (1:1) ширкат кард. Бозигари испанӣ дар ҳайати асосӣ вориди майдон шуд ва дар дақиқаи 81-ум иваз карда шуд.

Дар мавсими имсола Васкес дар 30 бозӣ дар ҳайати “Реал” дар ҳама мусобиқаҳо ба майдон баромада, 2 гол ва 5 паси головар анҷом додааст. Шартномаи футболбоз то соли 2025 амал мекунад. Тибқи иттилои портали интернетии Transfermarkt, арзиши бозории футболбози 33-сола 3,5 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дифоъгарони асосии “Реал Мадрид” Дани Карвахал, Лукас Васкес, Эдер Милитао, Давид Алаба ва Антонио Рюдигер осеб дорад. Ба ҳамин тартиб, бошгоҳи шоҳона ҳамакунун муқобили “Манчестер Сити” бидуни дифоъгарани асосӣ бозӣ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 31.08.2023

 Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9624 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: