Дар шаҳри Душанбе  Маркази нефрология ва гемодиализ ба истифода дода шуд.

0
425 просмотров

Дар шаҳри Душанбе  Маркази нефрология ва гемодиализ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маркази нефрология ва гемодиализ барои дастрасии гирифторони бемории музмини гурдаҳо ба диализ хизмат менамояд.

Дар марказ, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббии истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таъмин мебошад, барои беморон тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Маркази нефрология ва гемодиализ дар як вақт ба 10 нафар ва дар як шабонарӯз то ба 30 бемор диализ гузаронида мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷаҳон шартнома ба имзо расонидааст

Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ шартнома ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: