Тоҷикистон ва Уммон ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ густариш медиҳанд

0
468 просмотров

26 январ дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Уммон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр бин Ҳамад бин Ҳаммуд ал- Бусаидӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Уммон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи омодагӣ ба танзими чорабиниҳои муштараки дарпешистода, аз ҷумла баргузори сафарҳои сатҳи баланду олӣ табодули афкор намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Тоҷикистон-2019» — муаррифи дастовардҳои тавлидотии мамлакат

Маҳсулоти тавлидотии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи октябр дар Намоишгоҳ-ярмаркаи универсиалии «Тоҷикистон-2019», ки дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, дар масоҳати 600 метри мураббаъ ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: