Эшли Янги 39 сола дар ПЛА рекорди нав гузошт

0
627 просмотров

Бозии даври 14-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Эвертон” ва “Вулверҳэмптон” дар шаҳри Ливерпул баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ тими “Эвертон” бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омад.

Дифоъгари дастаи «Эвертон» Эшли Янг дар ин бозӣ рекорд гузошт. Ин дастовард бори аввал дар 24 соли охир нав карда шуд.

Эшли Янг дар 39 солу 148 рӯзагӣ аз зарбаи ҷаримавӣ ба дарвозаи «Вулверҳэмптон» гол зад ва кӯҳансолтарин бозигар дар таърихи Премйер-Лига шуд, ки аз зарбаи ҷаримавӣ гол задааст. Янг дар дақиқаи 10-ум аввалин голи бозиро ба самар расонид.

Мувофиқи маълумоти Opta, Янг чаҳорумин бозигари бузургсол дар ПЛА гардид, ки аз зарбаи ҷаримавӣ гол зад. Голи имрӯзаи Эшли Янг аввалин голи ин мавсим буд. Вай инчунин се ассист дорад.

Пас аз ин пирӯзӣ «Эвертон» дар ҷои 15-уми ҷадвали мусобиқа бо 14 имтиёз қарор дорад. «Вулверҳэмптон» бо 9 имтиёз дар зинаи 19-ум аст. “Ливерпул” бо 35 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ғалабаи «Уқоби тоҷик» дар UFC

Размикори маъруфи кишвар Нурулло Алиев аввалин рақобати худро дар бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонии  UFC бо ғалаба оғоз намуд. Нурулло 26- уми феврал дар штати Невадаи ИМА ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: