Гвардиола бо “Манчестер Сити” шартномаашро тамдид кард

0
714 просмотров

Сармураббии дастаи «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола ҳамчун сармураббӣ корро дар ҳайати “Шаҳриҳо” идома медиҳад. Дар ин бора нашрияи The ​​Athletic иттилоъ додааст.

Тарафҳо дар бораи тамдиди шартномаи меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд. Созишномаи нав барои як сол — то охири мавсими 2025/26 ва имкони тамдиди 12 моҳи дигар пешбинӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мутахассиси 53-солаи испанӣ аз моҳи июли соли 2016 сармураббии дастаи «Манчестер Сити» мебошад. Зери роҳнамоии Гвардиола даста шаш маротиба унвони қаҳрамониро дар Премйер-Лигаи Англия ва як маротиба Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барномаи «Ҳафта»

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: