Пирӯзии варзишгарони наврас дар мусобиқаи байналмилалӣ

0
3 670 просмотров

Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо байни наврасон аз худ маҳорати баланд нишон дода, 3 медали тиллоро соҳиб шуданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён гирифт ва тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, дар мусобиқа наврасони ноҳия Тошов Муҳаммадиқбол, Мирсоқиев Эҳсон, Мустафо Аюбӣ ва Амонов Анварҷон 3 медали тилло ва 1 нишони биринҷиро соҳиб шуданд.

Ғолибони мусобиқаро дар маркази ноҳия теъдоди зиёди дӯстдорони варзиш ва масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия истиқбол намуда, пирӯзиро ба қаҳрамонҳо табрик гуфтанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намояндагони Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Туркия бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуданд

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар бартарафсозии пайомадҳои заминларзаҳои 6 феврали соли 2023 ва саҳмгузорӣ дар расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Президенти Туркия бо мукофотҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: