Медали тиллои Шаҳриёр дар мусобиқаи қаиқронӣ

0
5 957 просмотров

Варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қаиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.

Тавре аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон иттилоъ доданд, 22 октябр дар чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд. Шаҳриёр ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, 25 октябр ба анҷом мерасад.

Аз ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳукумат имлои қоидаҳои нави забони тоҷикиро тасдиқ кард: 119 ислоҳ. Ин таҳаввулот харҷу марҷро аз миён бурд ё ба миён овард. Чӣ шуд ва чӣ бояд кард?

  Асли ҳодиса. Чаро боз зарурат омад, ки дар имло  ислоҳоти нав  ҷорӣ кунанд? Чиҳо тағйир ёфтанд? Оё ин амал, яъне ислоҳи имло хуб аст ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: