Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид

0
4 399 просмотров

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 27 сентябри соли 2018, №444 Дар бораи татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур низомнома ва нақшаи кории дохилиидоравии татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020 дар вилоят тасдиқ гардида, ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дар ҳайати нав Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудааст.

Тибқи банди 3 қарори мазкур Комиссияи ҷамъиятӣ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои қарори зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар шаш моҳ ахбор пешниҳод намоянд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Зумрад» обеспечит работой 300 человек

В 2020 году в санатории «Зумрад» города Исфара Согдийской области смогут отдохнуть и пройти лечение 1200 человек. Сейчас здесь продолжается строительство нового здания. Новый лечебный ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: