«Регар-ТадАЗ» дар даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон

0
5 457 просмотров

Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон   бардастаи  футболи «Хатлон» -и Бохтар бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, ба давринимфиналӣ роҳ ёфт.

Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон миёни  дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Ду голи  дастаи  «Регар-ТадАЗ»-ро ҳимоятгар Ойбек Абдуғаффоров зад. Боз се голи дигарро Абдусамад Ҳоҷибоев, Наврӯз Рустамов ва Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расониданд. Голи ягонаи дастаи  «Хатлон»-ро Муҳаммад Насков ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Дар бозии аввал низ дастаи «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ дастаи футболи  «Хатлон»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.

Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» чаҳорумин дастаи ширкаткунандаи даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон гардид. Пеш аз футболбозони Турсунзода дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе ба нимфинал баромада буданд.

Ҳоло дар нимфинал  дастаҳои  футболи «Истиқлол» бо «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд.

Бояд зикр  кард, ки баргузории бозиҳои аввали нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон 14-15 октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 17-18 октябр дар назар аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Summit» ихтироъ шуд

Дар ИМА компютери пуриқтидортарин дар ҷаҳонро истеҳсол карданд. Компютери «Summit» назар ба дигар компеютерҳо ду баробар тезтар фаъолият мекунад.Бартарии компютери пуриқтидор дар он аст, ки суръати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: