Дар Тоҷикистон беш аз 5000 муассисаи тиббӣ ба сокинон хизмат мерасонад

0
510 просмотров

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз  5120 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии ин ниҳод  иброз намуд, бо мақсади таъмини беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 34 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 110 муассисаи тандурустӣ таъмир гардид.

Инчунин барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба якчанд муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию дору дастрас карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  32,83 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба муассисаҳои табобатию пешгирии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 3,15 миллион сомонӣ, вилояти Хатлон – 11,7 миллион сомонӣ, Суғд – 11,13 миллион сомонӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1,18 миллион сомонӣ, ба муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ 84,81 миллион сомонӣ ва ба шаҳри Душанбе ба маблағи як миллион сомонӣ дору ва таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ дастрас карда шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Суғди бостон»- Фестивали фарҳангию сайёҳие, ки имкониятҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ кард

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 августи соли равон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фестивали фарҳангию сайёҳии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: