580 ҳазор сайёҳони хориҷӣ бо мавзеъҳои Тоҷикистон шинос шуданд

0
368 просмотров

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 беш аз 580 ҳазор сайёҳон ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон омаданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   беш аз 93 ҳазор зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз намуд, имсол ба Тоҷикистон аз 129 давлати ҷаҳон сайёҳон омадаанд.  Тибқи маълумоти оморӣ, ба қатори панҷгонаи беҳтарини ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон давлатҳои Узбекистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дохил гардиданд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ сайёҳони хориҷӣ бештар ба сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумита 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Аз он 101  ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, 46 ширкат дар вилояти Суғд, 41 ширкати сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  17 ширкат дар вилояти Хатлон  ва 9 ширкати сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият пеш мебарад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Простые способы улучшить память

Для начала давайте постараемся разобраться, что представляет собой память и каким образом она работает.Память является хранилищем представлений человека о его предыдущем опыте, снабженное уникальным механизмом ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: