Муҳандисон ба дрон рабудани паррандаҳоро меомӯзонанд

0
2 141 просмотров

Паррандагон ба парвози ҳавпаймо хатари зиёде эҷод мекунанд. Лекин мутахассисони донишкадаи технологии Калифорния (Caltech) роҳи ҳалли масъаларо ёфтанд. Ба ақидаи онҳо як дрони бесарнишин метавонад селаи паррандаҳоро аз миқёси фурудгоҳ ронад. Алгоритм дар тадқиқоти IEEE Transactions on Robotics нишон дода шуд.

Лоиҳа аз “Мӯъҷизаи Гудзони” соли 2009 сарчашма гирифт. Он замон аз сабаби даромадани паррандаҳо ба даруни муҳаррики тайёра қариб буд, ки садҳо одамон ҷонашонро таслим намоянд.

Роҳбари лоиҳа Сун-Джо Чанг бо ҳамкасбонаш модели парвози селаи паррандаҳоро омӯхтанд. Дар асоси ин тадқиқотҳо онҳо роботеро рӯи кор оварданд. Санҷишҳо нишон доданд, ки дрон метавонад даҳҳо паррандаҳоро идора кунад. Тавононии робот аз ҳаҷм ва шумораи паррандаҳо вобастаги доранд. Дар оянда муҳаққиқон мехоҳанд галаи дронҳоро созанд, ки роҳи парвози паррандагонро метавонад ҳисоб кунад, ва онҳоро маҳдуд менамояд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Муколамаи сатҳи баланд дар Чин

Дирӯз дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: